Абӯбакр Бағдодӣ ба Африқо фирор кардааст

© Sputnik Флаг группировки "Исламское государство" (запрещена в РФ), архивное фото
Флаг группировки Исламское государство (запрещена в РФ), архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ожонсҳои иттилоотӣ дар Ироқу Аврупо таъкид доранд, дар 18 моҳи гузашта Абубакр Бағдодӣ дар рустое дар шимоли Ироқ мустақар буда ва сипас ба минтақаи Албукамол дар марзи Ироқу Сурия мунтақил шудааст

ДУШАНБЕ, 25 янв- Sputnik. Хабаргузории "Парстудэй" дар истинод ба чпнд манбаъ гузориш додааст, ки саркардаи гурӯҳи террористии ДОИШ ба Африқо фирор кардааст.

Гуфта мешавад, эҳтимолан Абубакри Бағдодӣ дар кишвари Чад ё наздики Нигерия аст ва умедвор аст, ки битавонад ташкилоти аз даст рафтаи худро дар Африқо эҳё кунад.
Сомиҳ Ид, коршиноси масоили ДИИШ дар Миср изҳор дошт, эҳтимол дорад, Бағдодӣ пас аз фирор аз Ироқу Сурия дар минтақае дар Африқо бошад.

Ноҷиҳ Иброҳим, раҳбари собиқи гурӯҳи Ҷамоати исломӣ дар Миср низ таъкид кард, Бағдодӣ мумкин аст, дар минтақае дар шимоли Чад ё минтақаи марзии бидуни назорат миёни Алҷазоиру Нигерия пинҳон шуда бошад.

Ожонсҳои иттилоотӣ дар Ироқу Аврупо таъкид доранд, дар 18 моҳи гузашта Абубакри Бағдодӣ дар рустое дар шимоли Ироқ мустақар буда ва сипас ба минтақаи Албукамол дар марзи Ироқу Сурия мунтақил шудааст.

Лентаи хабарҳо
0