Абдуллои 10-сола ҳамсинфашро наҷот доду худ ғарқ шуд

© SputnikРека Варзоб в Таджикистане, архивное фото
Река Варзоб в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Як писарро шоҳидон аз об берун оварданд, вале дуюмиро мавҷи бузурги дарё бурд

ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Дар ноҳияи Алмазари Тошканд писари 10-сола Абдулло Рузибоев ба хотири наҷоти ҳамсинфаш дар рӯд ғарқ шуд.

Дар ин бора Sputnik Узбакистон бо такя ба МЧС хабар медиҳад.

Ба гуфти шоҳидони фоҷиа, дӯсти Рузибоев ба об афтодаасту Абдулло барои наҷоти ӯ талош кардааст.

"Барои кумак шоҳидони ҳол омадаанд. Як писарро аз ғарқшавӣ наҷот доданд. Вале Абдуллоро мавҷи бузурги рӯд бурдааст", — гуфт манбаъе аз МЧС дар суҳбат бо хабарнигори оҷонсӣ.

Замоне, ки наҷотдиҳандагон ба ҷои ҳодиса расиданд, Абдулло аллакай ҷон бохта буд.

Лентаи хабарҳо
0