Ба гузориши расонаҳои маҳаллӣ, дар паи ду ҳамлаи терруристӣ сардори хадамоти зиддииктишофии Либия Маҳдӣ Фалоҳ маҷрӯҳ гардидааст.
Гуфта мешавад, ки ду мошини бо дастгоҳи тарканда муҷаҳҳаз дар фосилаи 30 дақиқа дар наздикии шуъбаи шиносномадиҳӣ ва масҷиди бузурги Бенғозӣ ҳангоме, ки намозгузорон пас аз адои намоз аз масҷид мебаромаданд, таркиданд.
Раиси парлумони Ливия Оқил Солеҳ ин инфиҷорро маҳкум карду се рӯзи мотам эълом кард.