Пас аз супориши Аҳмадзода: дар Конибодом ҳам гӯшт арзон шуд

Обуна шудан
Акнун дар Конибодом як кило гӯшти гов 33 ва гӯшти гусфанд 36 сомонӣ нарх дорад

ДУШАНБЕ, 24 янв— Sputnik. Бо мақсади иҷрои супориши Раҷаббой Аҳмадзода оид ба арзон намудани нархи гӯшт дар бозорҳои вилоят аз ҷониби масъулини шаҳру ноҳияҳои вилоят тадбирҳо андешида шудааст.

Дар бозорҳо ва ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Конибодом фурӯши гӯшти гов бо нархи 33 сомонӣ ва гӯшти гӯсфанд бо нархи 36 сомонӣ ба роҳ монда шудааст.

Раджаббой Ахмадзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Баҳси нуқтаҳои савдо дар "Суғдиён": Аҳмадзода 85 мушкили мардумро ҳал кард

Дар ин бора равобити умумии ҳукумати виояти Суғд бо такя ба сухангӯи шаҳрдории Конибодом Парвина Абдуллоева, кормандони шуъбаи рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва маркази ташхиси давлатӣ оид ба масъалаи мазкур чораҷӯӣ намуда, бо соҳибони дӯконҳои гӯштфурӯшӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд ва ҳамин тавр арзиши гӯшт нисбатан пойин рафт.

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов низ комиссияи ҳамоҳангсозии байниидоравии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба масъалаҳои иқтисод ва савдо бо роҳбарии раиси ноҳия Комил Салимзода бо соҳибкорон вохуриву мулоқот доир намуд.

"Ҳамин тавр дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 1 кг гушти гов 34 сомонӣ ва гушти гусфанд 36 сомонӣ муайян карда шудааст. Пеш дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 1 кг гушти гов 38 сомонӣ ва гушти гусфанд 40-42 сомонӣ арзиш дошт", —омадааст дар хабарнома.

Тамоюли арзоншавии нархи гӯшт дар бозорҳои вилоят пас аз боздиди раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз калонтарин бозори вилоят – "Панҷшанбе" ба чашм расид.

Лентаи хабарҳо
0