Тоҷикистон аз афзоиши ҳаҷми тавлиди маводи мухаддир ҳушдор медиҳад

© Агенство по контролю наркотиков при президенте РТПресс-конференция агенства по контролю за оборотом незаконных наркотических веществ
Пресс-конференция агенства по контролю за оборотом незаконных наркотических веществ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муртазо Ҳайдарзода, муовини мудири Ожонси назорати маводи мухаддир, аз афзоиши ҳаҷми тавлиду қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ҳушдор дод

ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Нерӯҳои интизомӣ ва низомии Тоҷикистон дар соли 2017 аз муомилоти ғайриқонунӣ 4 448 килуграм маводи мухаддирро хориҷ кардаанд, ки 29,8 дарсад бештар аз соли 2016 аст, гузориш дод Муртазо Ҳайдарзода дар нишасти расонаие, ки имрӯз дар Душанбе баргузор шуд.

“Аз он ҷумла 110 килуграм ҳероин, 1,211 тонна афюн, 2,384 тонна ҳашиш ва 742 килуграм бангдона мусодира гардид”, — гуфт муовини мудири Ожонси назорати маводи мухаддир.

Вай афзуд, ки имсол нисбат ба порсол дар кулл 1,022 тонна ё 29,8 дарсад бештар маводи мухаддир мусодира шудааст.

Ҳамчунин дар соли 2017 кормандони Ожонс 52 гурӯҳи табаҳкорро, ки 115 касро дар бар мегирифтаанд, торумор карда, ки панҷто аз онҳо гурӯҳҳои табаҳкори созмонёфтаи фаромиллӣ будаанд.

Ожонс дар соли гузашта 6 амалиёти муштарак бо ниҳодҳои интизомиву низомии Афғонистон, Русия ва Чин баргузор карда ва 210,075 кг маводи мухаддирро аз гурӯҳҳои созмонёфтаи фаромиллӣ мусодира кардааст.

Ҳайдарзода гуфт, ки майдони кишти хашхош дар Афғонистон имсол бештар шуда, ки афзоиши ҳаҷми қочоқи маводи мухаддирро дар пай хоҳад дошт.

Лентаи хабарҳо
0