ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Кристиан Карамбе, қаҳрамони ҷаҳон ва Урупо, дукарат қаҳрамони Лиги қаҳрамонҳои УЕФА, нимпуштибони пешини дастаи мунтахаби Фаронса, Ҷоми ҷаҳонии футболро ба шаҳри Душанбе меорад.
“Ҷоми қаҳрамонии футболи ҷаҳон дар чорчӯби гардишаш гирди ҷаҳон ба 50 кишвари ҷаҳон, аз он ҷумла Тоҷикистон, бурда хоҳад шуд”, — гузориш медиҳад равобити умумии Федеросиюни футболи Тоҷикистон.
Ҷоми ҷаҳонии футбол дар чорчӯби барномаи “World Cup Trophy Tour”, ки бо пуштибонии ширкати Coca-Cola баргузор мешавад, 5-уми феврал ба Душанбе оварда мешавад. Ин фурсатест барои дӯстдорони футбол, ки ин номдортарин ҷоизаро худ ббинанд ва агар бахташон баландӣ кунад, бо он акс бигиранд.
Ҷоми футболи ҷаҳон ҷоизаи аслиест, ки ба қаҳрамони футболи ҷаҳон дода мешавад, вале дар ихтиёри ФИФА мемонад. Ҷом аз тиллои холис сохта шудаааст ва 6,175 кг вазн дорад. Он аз ду пайкари инсонӣ иборат аст, ки кураи Заминро болои дастҳояшон бардоштаанд. Чунин намуд аз Ҷоми расмии ФИФА соли 1974 марсум шудааст.