ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Сухангӯи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон Умарҷон Эмломалӣ мегӯяд, ҳоло дар пайи сӯйиқасд ба ҷон кардани як милисаи тоҷик дар шаҳри Исфара тафтишот идома дорад. Додситонии шаҳр сабаб ва омилҳои ин амали милисаи ҷавонро муайян хоҳад кард, қайд кард вай.
Умарҷони Эмомалӣ афзуд милисае, ки худро паррондааст, ҳоло дар Шуъбаи эҳёи Бемористони шаҳри Исфара дар ҳолати вазнин қарор дорад.
"Ҳоло тафтишот идома дорад ва милисаи ҷавон дар ҳолати вазнин аст",- гуфт сухангӯи ВУД ҶТ.
Пештар хабар дода шуд, ки дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд як милиса ба сари худ тир кушодааст.
Гуфта мешавад, ин ҳодиса 20-уми январ, рӯзи шанбе рух додааст.
Корманди фаврии шуъбаи кофтукови ҷиноятии ШВКД-1 шаҳри Исфара дар бинои шуъба, дар кабинети кориаш худро парронд.
Расонаҳои Тоҷикистон дар такя ба манобеи худ хабар доданд, милисае, ки худро паррондааст 24 сол дошта, Саъдӣ Соҳибзода ном доштааст. Вай сокини шаҳри Ҳисор аст ва ҳамин сол Академияи ВУД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд хатм карда, барои кор ба шуъбаи кофтукови ҷиноятии ШВКД-1 шаҳри Исфара фиростода шуда будааст. Саъдӣ Соҳибзода муҷаррад будааст.
Ҳамкоронаш ӯро корманди хубу фаъол муаррифӣ карданд.