Шайхҳои араб аз рақсу суруд ва палави тоҷикӣ маст шуданд (НАВОР)

Обуна шудан
Дар Аморати Муттаҳидаи Араб "Ҳафтаи ҳунарҳои мардумии тоҷик" ифтитоҳ шуд

Дар ҳафтаи ҳунарӣ ҳунарҳои гуногуни мардуми тоҷик, аз ҷумла кулолгарӣ, кордсозӣ, адрасу атласбофӣ, чакандӯзӣ ва сӯзанӣ, сангҳои қиматбаҳо, чӯбтарошӣ, ҳунари заргарӣ, қолинҳои дастбофт ва ғайра иштирок намуда, маҳсули дасти худро ба маъраз гузоштанд.

Дастаи ҳаваскорону мутрибони ансамбли фолклории "Помир" ва ансамбли рақсии "Базморо" баҳри ҳозирин оҳангу сурудҳои мардумӣ ва рақсҳои гуногунро иҷро намуданд.

Дар чорабинии мазкур анвоъи гуногуни таъомҳои тоҷикӣ, аз ҷумла Оши палов, инчунин асал, меваҳои хушк ва дигар маҳсулоти ғизоии истеҳсоли ватанӣ ба маъраз гузошта шуд.
Ҳафтаи ҳунарҳои мардумии Тоҷик то 25 январи соли ҷорӣ идома меёбад.

Лентаи хабарҳо
0