КДАМ ҶТ: моҳигирон аз фармони марзбонон сарпечӣ карданд

© Sputnik / Семиряга / Гузариш ба медиабонкСолдат вооруженных сил Таджикистана на границе с Афганистаном, архивное фото
Солдат вооруженных сил Таджикистана на границе с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон далоили тирандозии марзбонон ба моҳигиронро тавзеҳ дод

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Марзбонон хостаанд аз моҳигирон далели ҳузурашон дар наздикии хатти марзро бипурсанд, вале онҳо рӯ ба гурез ниҳодаанд, гуфта мешавад дар баёнияи расмии КДАМ ҶТ.

“Гашти марзбонии подгони “Исфара” 21 январ дар наздикии хатти марз худрави ВАЗ 2107-ро, ки 5 сарнишин дошт, барои бозрасӣ боз истонд. Гашти марзбонӣ мехост шаҳрвандонро шиносоӣ ва ҳадафашон аз ҳузур дар наздикии марзро ҷӯё шавад, вале ронанда худравро тунд ронда гурехтан хост ва онро ба сӯи яке аз марзбонон равон кард”, — гуфта мешавад дар иттилоъияи маркази матбуотии КДАМ ҶТ.

Марзбонон аз рӯи ойиннома нахуст як тири ҳушдор ба ҳаво зада ва чун ронанда худравро боз наистондааст, онро ҳадаф қарор додаанд. Дар натиҷа ду шаҳрванд захмӣ шудаанд, ки дертар яке онҳо — Абубакр Бобоев дар бемористон ҷонашро бохтааст.

Додситонии низомии подгони Суғд барои бозрасии ин қазия парванда оғоз кард ва ҷузъиёташро бозҷуст дорад.

Лентаи хабарҳо
0