ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки бо дастгирии ҳукумати вилояти Суғд 100 нафар кормандони соҳаи маорифи вилоят дар осоишгоҳи "Шифо"-и шаҳри Гулистон ройгон ба истироҳату табобат фаро гирифта шудаанд.
"Истироҳати собиқадорони соҳаи маориф, омӯзгорони пешқадаму навовар, устодони соҳибтаҷриба рӯзи 19 январ оғоз ёфтааст. Кормандони соҳаи маориф пас аз табобату истироҳати бофароғат бо нерӯи тоза фаъолияти худро идома медиҳанд", — омадааст дар хабарнома.
Тибқи нақшаи Раёсати маорифи вилоят бо мақсади хушу хотирмон ҷараён гирифтани фароғати маорифчиён ташкилу баргузории чорабиниҳои мухталифи фарҳангию оммавӣ- шабнишиниҳои адабию бадеӣ, мулоқот бо адибону санъаткорон, вохӯриҳои мухталиф дар назар дошта шудааст.