ДУШАНБЕ, 22 янв— Sputnik. Мудири умури ташкилотӣ ва узви Раёсати Бонки тавсеъаи уросиёӣ Наталя Чургел симаташро тарк карда ва бахше аз масъулиятҳояш ба иқтисоддон Ярослав Лисоволин вогузор шуданд.
Дар ин бора РИА Новости бо такя ба манбаъ дар доираҳои бонкӣ хабар медиҳад.
"Лисоволик раҳбари масоили таҳлилии Бонки тавсеъаи уросиёӣ таъйин шуд", — омадааст дар хабар.
Моҳи декабр раҳбари пешини Хадамоти гумруки Русия, Андрей Белянинов, ки моҳи июли соли 2016 ин симаташро тарк карда буд, раиси Бонки тавсеъаи уросиёӣ таъйин шуд.
Ӯ дар ин симат Дмитрий Панкинро, ки аз моҳи феврали соли 2015 раҳбари бонк буд, иваз кард.
Мусоҳиби хабаргузорӣ ҳамчунин афзуда, ки раиси Бонк чанд мушовири нави худро таъйин кардааст, ки дар қатори онҳо раҳбари пешини Корхонаи моҳигирии Русия Андрей Крайний, генерал Олга Комарова ва Игор Алексеев, корманди пешени Интерпол номбар шудаанд.