ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки ҳунармандони Сирки давлатии Узбакистонбо барномаҳои ҷолибу фароғатӣ, аз қабили дорбозӣ, жанглёрӣ, амалу ҳаракатҳои ҳайвонҳои омӯзонидашуда, рақс дар таноб ва барномаҳои масхарабоз табъи тамошобинонро болида сохтанд.
"Барномаҳои омоданамудаи ҳунармандонро тамошобинон хуб пазируфта, барои истеъдоду маҳорати баланди касбӣ ва ҳунарҳои волояшон миннатдорӣ изҳор карданд", — омадааст дар хабарнома.
Инчунин, ба хурдсолони иштирокдошта тӯҳфаҳо тақдим гардидааст.
Дар фарҷом сардори Маркази матбуоти ВКД Умарҷони Эмомалӣ аз номи роҳбарияти ВКД ба аҳли ҳунар ва мутасаддиёни баргузории чорабинии мазкур арзи сипос намудааст.
Намоиши нахустини ҳунарпешаҳои Сирки Тошканд рӯзи 31 декабр, дар толори Сирки давлатии Душанбе баргузор шуда буд.
Сафари ҳунарии сирки Узбакистон муддати як моҳ ба нақша гирифта шуда, арзиши билет аз 30 то 80 сомонӣ мебошад. Барои кӯдакони синни то 3-сола тамошои барнома бепул аст.
Сафари ҳунарии сирки Тошканд дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои фарҳангӣ ва гуманитарии Тоҷикистону Узбакистон сурат мегирад.