Бебориш: боду ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

© Sputnik / Георгий Зельма / Гузариш ба медиабонкКраеведческий музей в Душанбе
Краеведческий музей в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Cозмони ҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки имрӯз, 22 январ ҳаво дар саросари кишвар тағйирёбандаи бебориш мешавад

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон ба огоҳии шаҳрвандон мерасонад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрӣ ва бебориш пешбинӣ мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, бод аз сӯи шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 1-4 ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Туман в Душанбе 28 ноября - Sputnik Тоҷикистон
Меғ мефарояд: боду ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

Ҳаво дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят шабона 3-8 дараҷа сард ва рӯзона 0-5 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 15-20 ва рӯзона 2-7 дараҷа сард мегардад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар дошта шудааст. Бод аз сӯи шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо ҳаво шабона 3-2 ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, бод аз сӯи шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-3 ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар пойтахт ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, ҳарорат шабона 1-1 ва рӯзона 8-10 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0