Теруристҳо қасд доштаанд навзодеро дар миёни мардум дар Кундуз битарконанд

CC0 / Pixabay / Младенец, архивное фото
Младенец, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гурӯҳе аз теруристҳо бо бастани бумб ба бадани кӯдаки чаҳормоҳа қасд доштаанд дар вилояти Кундуз ҳамлаи интиҳорӣ анҷом диҳанд

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Фармондеҳи Нерӯҳои амниятии вилояти Кундуз Абдулҳамид Ҳамид гуфт, дар он вилоят гурӯҳе аз теруристҳо дастгир шудааст, ки қасд дошт навзоди бумбгузоришударо дар миёни мардум мунфаҷир кунад.

“Як гурӯҳи панҷнафарӣ дар вилояти Кундуз дастгир шуд, ки қасд дошт бо гузоштани бумб дар парпечи кӯдаки чаҳормоҳа дар миёни мардум ҳамлаи теруристӣ анҷом диҳад”, — гуфт фармондеҳ Ҳамид.

Вай афзуд, ки бумби гузошташуда дар парпечи навзод ёфта ва хунсо шуда ва панҷ тан аз омилони ин амали интиҳорӣ, ки яке аз онҳо зан аст, дастгир ва боздошт шудаанд.

Фармондеҳи Нерӯҳои амниятии вилояти Кундуз гуфт, ки ин теруристҳо аз гурӯҳҳое ҳастанд, ки дар ин вилоят ҳаросафканӣ доранд. Аммо вай аз кадом гурӯҳ буданашонро ошкор накард ва гуфт бозрасии ин қазия идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0