Қирғизистон қарордоди ҳамкории низомӣ бо Русияро тасвиб кард

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин и глава Кыргызстана Сооронбай Жээнбеков, архивное фото
Президент РФ Владимир Путин и глава Кыргызстана Сооронбай Жээнбеков, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳур Сооронбой Жээнбеков қарордоди густариши ҳамкориҳои низомиву фаннӣ миёни Қирғизистон ва Русияро имзо кард

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Дафтари иттилоърасонии раёсати Ҷумҳурии Қирғизистон хабар дод, ки Сооронбой Жээнбеков қарордоди густариши ҳамкориҳои низомӣ ва фаннӣ миёни Бишкек ва Маскавро имзо кард.

Сооронбай Жээнбеков – новый президент Киргизии - Sputnik Тоҷикистон
Жээнбеков дурнамои ҳамкории Қирғизистон бо Тоҷикистонро чигуна мебинад?

Гуфта мешавад, ки ин қарордод додуситади афзорҳои низомӣ барои таъмини манофеъ ва таҷҳизи нерӯҳои мусаллаҳи Қирғизистонро дар назар дорад.

Ин қарордод ҳамчунин имкон медиҳад, ки ҳамкориҳои низомиву фаннии ду кишвар жарфтар шуда ва шароити муносиб барои ҳамкории саноеъи дифоъии фароҳам оварда шавад.

Ин қарордодро Владимир Путин ва Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури пешини Қирғизистон, 20 июни соли 2017 дар Маскав имзо карда буданд ва Маҷлиси қонунгузори Қирғизистон онро 21 декабри ҳамон сол тасвиб карда буд.

Қирғизистону Русия дар чорчуби Созмони Паймони амнияти дастҷамъӣ низ ҳамкории низомӣ доранд.

Лентаи хабарҳо
0