Ҷавондухтаре дар Ёвон навҷавонеро бо корд сахт захмӣ кардааст

© Sputnik Убийство ножом
Убийство ножом - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони ВКД ҶТ дар вилояти Хатлон духтари 20-солаеро ба ҷурми сахт захмӣ кардани навҷавоне боздошт карданд

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ин духтар дар ноҳияи Ёвон дар паи ҷанҷол бо навҷавоне 17-сола аз деҳаи Ҳаёти нав ӯро чанд бор бо корд задааст.

Кормандони ВКД дар вилояти Хатлон ин духтарро ба ҷурми расондани осеби сахти ҷисмонӣ ба шаҳрванд боздошт карданд.

“Вай 20-уми январ, тахминан соати 17:30 дақиқа, дар паи муноқишае, ки бо навҷавони 17-солае аз деҳаи Ҳаёти-Нав, карда, бо корд чанд бор ба китфаш ва як бор ба шикамаш задааст. Дар натиҷа ин навҷавон ҷароҳати сахти ҷисмонӣ бардошта, дар бемористон бистарӣ гаштааст”, — гуфта мешавад дар иттилоъия.

Вазорат аз ин қазия ҷузъиёте мунташир накардааст, вале гуфта, ки барои бозрасии ин рухдод парванда оғоз кардааст.

Лентаи хабарҳо
0