Коршинос: Чин дар Бадахшон барои посдории марзҳои худаш пойгоҳ месозад

© Фото : Facebook / Андрей СеренкоЭксперт по Афганистану Андрей Серенко, архивное фото
Эксперт по Афганистану Андрей Серенко, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Чин бо сохти пойгоҳи низомӣ барои артиши Афғонистон дар вилояти Бадахшон, ҳамкориҳои худро бо Кобул ва Душанбе дар заминаи мубориза бо теруризм тақвият мекунад, мегӯяд Андрей Серенко

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Чин ба гунае масъулиятҳои Созмони Паймони амнияти дастҷамъиро бар уҳда гирифтаву кӯшиш дорад дар амал бо теруризм дар Афғонистон мубориза кунад, коршиноси масоили амниятии Бунгоҳи пажӯҳиши масоили Афғонистон дар Русия.

Вай муътақид аст, ки тасмими Чин барои сохти пойгоҳи низомӣ барои артиши Афғонист он дар марз бо Тоҷикистон “саҳми амалии Пекин дар мубориза бо теруризм” аст.

“Бунёди ин пойгоҳи низомӣ дар вилояти Бадахшон, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, ногузир жарфтар шудани ҳамкориҳои низомиву сиёсӣ ва иқтисодии Пекин ва Душанберо дар пай хоҳад дошт”, — мегӯяд Серенко.

Афганские силовики, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Чин дар Бадахшон пойгоҳи низомӣ месозад

Вай бар ин назар аст, ки Чин ба гунае масъулиятҳои Созмони Паймони амнияти дастҷамъиро барои тақвияти марзи Афғонистон ва Тоҷикистон бар дӯш гирифтааст, ки ҳадаф аз ин барнома, муқобила бо таҳаррукоти гурӯҳҳои теруристии мустақар дар шимоли Афғонистон аст.

“Чин ба далели ҳузури шаҳрвандони уйғуртабораш дар таркиби гурӯҳҳои теруристӣ дар шимоли Афғонистон, ҳамкориҳои амниятии худро ҳам бо Душанбе ва ҳам бо Кобул афзоиш медиҳад”, — тавзеҳ дод коршинос.

Ёдоварӣ мекунем, ки чанде пеш сухангӯи Вазорати дифоъи Афғонистон Давлат Вазирӣ хабар дода буд, ки Чин барои артиши Афғонистон дар вилояти Бадахшон пойгоҳи низомӣ месозад.    

Серенко: Китай хочет не на словах, а на деле бороться с терроризмом в Афганистане

 

Лентаи хабарҳо
0