ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Дар ин бора тарроҳ дар саҳифаи фейсбуки худ хабар додааст.
"Аз вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода барои қадшиносии фаъолияти ман миннатдорам", — навиштааст Хуршед Сатторов.
Ин тарроҳи тоҷик барои хизматҳои шоён дар соҳаи фарҳанги либоспӯшӣ бо унвони "Аълочии фарҳанги Тоҷикистон" ва медал қадрдонӣ шудааст.
Медалро ба Хуршед Сатторов вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода тақдим кардааст.
Пештар Хуршед Сатторов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон дар бораи хусусиятҳои коллексияи нави худ нақл карда буд.
Пироҳани тоҷикӣ дар ҳама ҷо харидори худро пайдо мекунад, зеро бо заҳмати калон омода мешавад.
"Пӯшоки миллии тоҷик фалсафаи худро дорад. Дар гулдӯзиҳо офтоб, моҳ ва дарахти хушбахтӣ таҷассум ёфтаанд. Гулдӯзии миллӣ таърихи дурударозро дорад, ки он ба ҳар тарроҳ имкониятҳои зиёд медиҳад",- гуфт Хуршед Сатторов.