Ҷоизаи филми "Мушкилкушо" дар Дакка

Обуна шудан
Филми коргардони тоҷик Умедшо Мирзоширинов "Мушкилкушо" дар 16-умин Ҷашнвораи филмҳо дар Дакка соҳиби ҷоизаи "Зикри махсуси ҳакамон" шуд

ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Филми коргардони тоҷик "Мушкилкушо" дар ҷашнвораи байнулмилалии Дакка соҳиби ҷоиза шуд.

Филми коргардони тоҷик Умедшо Мирзоширинв "Мушкилкушо" аз ҷониби ҳакамон нишони вижа "Зикри махсуси ҳакамон"-ро соҳиб шуд.

16-умин Ҷашнвораи байнулмилалии филмҳо дар Дакка аз 12 то 20-уми январи соли 2018 баргузор шудааст.

Ин нахустин ҷиозаи филм набуда, соли 2016 филми "Мушкилкушо" дар ҷашнвораи ҳафтуми "Дидор" беҳтарин филми тоҷикӣ дониста шуда буд.

Намоиши филми Мушкилкушо дар Маскав. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
“Қиссаи ишқи пок”: намоиши “Мушкилкушо” тамошобинони Маскавро ба ваҷд овард
     

Филми "Мушкилкушо" аз як тараф  намоишгари урфу одот, расму русум, ва забонҳои гуногуни мардуми Бадахшон  бошад, аз ҷониби дигар тарғибгари ишқу муҳаббати поки инсонӣ аст.

"Ман мақсад доштам, бузургии ишқи покро нишон диҳам. Дар ҳақиқат ишқи ҳақиқӣ сарҳад надорад. Барои ишқи пок миллат, дин, забон  набояд монеа шавад",-изҳор дошт коргардони филм Умедшо Мирзоширинов зимни сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон. 

Дар филми "Мушкилкушо"  Ирана Нуроншоева, Александр Мичков, Самад Мансуров, Алиакбар Одинамамадов, Ҷонбоз Душанбиев, Мусаввар Минаков ва ғайраҳо нақш офаридаанд.

Лентаи хабарҳо
0