Даъватномаи ҳукумати Тоҷикистон ба ҳукумати Олмон

© SputnikЗдание парламента Таджикистана, архивное фото
Здание парламента Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сафири Тоҷикистон ба ҷониби Олмон даъватномаи расмии Ҳукумати Тоҷикистонро ба унвонии Ҳукумати Олмон ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд “Даҳсолаи об барои рушди устувор 2018-2028”, ки моҳи июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе пешбинӣ гардидааст, супурд

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik.  Дар ин бора равобити умумии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, кирРӯзи 18-уми январ дар бинои Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов бо сардори Раёсати кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Урупои шарқии Вазорати федералии корҳои хориҷии Олмон ҷаноби Михаэл Зиберт баргузор гардидааст.

Встреча министра внутренных дел с новым послом Германии - Sputnik Тоҷикистон
Сафири навтаъйини Олмон бо вазири умури дохилӣ дар чӣ бора суҳбат кард?

Дар рафти мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои гуногунҷабҳаи дуҷонибаи Тоҷикистону Олмон мавриди баррасӣ қарор гирифта, табодули назари судманд роҷеъ ба самтхои афзалиятноки ҳамкориҳои Тоҷикистону Олмон дар давраи минбаъда сурат гирифт.

"Сафири Тоҷикистон ба ҷониби Олмон даъватномаи расмии Ҳукумати Тоҷикистонро ба унвонии Ҳукумати Олмон ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд "Даҳсолаи об барои рушди устувор 2018-2028", ки моҳи июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе пешбинӣ гардидааст, супурд", — омадааст дар хабарнома.

Ҳамчунин, 19-уми январи соли ҷорӣ дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Берлин Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов бо директори департаменти минтақавии Осиёи Марказии Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон Эдуард Кинсбрунер дидору мулоқот намуд.

Линии электропередач ГЭС. Фото из архива. - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон ва Олмон дар Мурғоб нерӯгоҳи барқии "Оқсу"-ро месозанд

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратии дуҷонибаи Тоҷикистону Олмонро мавриди баррасӣ қарор дода, барои рушду тавсеаи ин ҳамкориҳо дар соли 2018 табодули афкор намуданд.

Ҷониби Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон омодагӣ изҳор намуд, ки дар якҷоягӣ бо Сафорати Тоҷикистон ҷиҳати ташвиқу тарғиби имкониятҳои иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон дар доираҳои иқтисодии Олмон мусоидат хоҳад кард.

Лентаи хабарҳо
0