Таъкиди Раҳмон бар баҳрабардории бамавқеъ аз турбинаи нахусти нерӯгоҳи “Роғун”

© Фото : Официальная страница президента РТ в FacebookПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон на стройке Рогунской ГЭС
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон на стройке Рогунской ГЭС - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳурии Тоҷикистон бар зарурати баҳрабардории бамавқеъ аз турбинаи нахусти нерӯгоҳи обии “Роғун” дар соли ҷорӣ таъкид кард

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Ба гузориши дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти "Натиҷагирӣ аз рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон дар соли 2017", истифодаи ҳадафманд аз манобеи молии ихтисосёфта барои такмили сохти ин нерӯгоҳро зарурӣ донист.

Пештар давлати Тоҷикистон эълом карда буд, барои идомаи сохти нерӯгоҳи обии "Роғун" дар соли ҷорӣ ду миллиард сомонӣ (226 миллион доллар) ихтисос дода шудааст.

Президент Таджикистана принимает участие в возведении плотины для Рогунской ГЭС - Sputnik Тоҷикистон
Коршинос: Мирзиёев дар дидор бо Раҳмон аз Роғун суҳбат нахоҳад кард

Ҳамчунин Бонки Миллии Тоҷикистон таъкид карда буд, 500 миллион доллар аз саҳми молии нерӯгоҳи обии "Роғун"-ро дар хориҷ аз кишвар ба фурӯш расонда, ки бо суди солонаи ҳафт дарсад қобили бозпардохт аст ва барои такмили сохти ин тарҳи муҳими энержӣ истифода мешавад.

Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2016 кори такмили сохти ин нерӯгоҳро ба ширкати итолиёии "Salini impregilo" вогузор кард.

Ин ширкат мутааҳҳид шудааст, ки дар соли ҷорӣ турбинаи нахусти ин нерӯгоҳро ба баҳрабардорӣ хоҳад расонд.

Сохти нерӯгоҳи обии "Роғун" дар 110 километрии шарқи шаҳри Душанбе ва рӯйи рӯдхонаи Вахш дар авоили даҳаи 1970 —и мелодӣ барномарезӣ шуд, аммо ба иллати ҷанги дохилӣ ва мухолифатҳои Ӯзбакистон ҳанӯз ин тарҳ такмил нашудааст.

 Нерӯгоҳи "Роғун" бо садди 335 метрӣ ва зарфияти тавлиди 17 миллиард киловатт соат барқ дар сол, бузургтарин тарҳи обӣ дар минтақа ба ҳисоб меояд.

Лентаи хабарҳо
0