Пулиси Русия дар шаҳри Улан-Удэ толибилми синфи 9-ро дастгир кард, ки дар макатаб 7 донишомӯзро бо табар захмӣ кардааст. Вай ҳамчунин яке аз синфхонаҳои мактабро оташ зада, аз ҷойи ҳодиса пинҳон шудааст ва ба худ корд задааст.
Ҳоло ҷавони ҷиноятпеша дар бемористон бо посбонии пулис бистарӣ аст. Парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.