Мирзиёев дар бораи далелҳои сӯхтори автобус: мо аз мардум қарзҳои зиёд дорем

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузариш ба медиабонкПрезидент Республики Узбекистан Шавкат Мирзиёев, архивное фото
Президент Республики Узбекистан Шавкат Мирзиёев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Президенти Узбакистон гуфт, ҳодиса рухдода бо муҳоҷирони узбак далели он аст, ки роҳбарияти кишвар ва ҳамаи масъулини баландпоя то ҳол натавонистанд мушкилии ташкили ҷойҳои кориро дар Узбакистон ҳал кунанд

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Кушта шудани шаҳрвандони Узбакистон дар натиҷаи сӯхтор дар роҳи Қазоқистон аз он шаҳодат медиҳад, ки шаҳрвандони кишвар наметавонанд то ҳол дар  ватан бо ҷойи кори муносиб таъмин шаванд, гуфт раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев.

"Аз  ин ҳодисаи нохуши рухдода мо бояд барои худ ибратҳои зиёд гирем, аз ҷумла бояд дар хотир дошта бошем, ки мо то ҳол дар назди мардум қарзҳои зиёд дорем. Одамон маҷбур барои пайдои кор ба кишварҳои дигар мераванд, зеро мо натавонистем барои онҳо дар ватан шароит фароҳам оварем", — гуфт Шавкат Мирзиёев.

Ёдрас мешавем, сабаби асосии сар задани сӯхтор дар автобуси муҳоҷирон дар Қазоқистон маълум шудааст. Онро коршиносон муносибати нодуруст бо оташ гуфтаанд. Гуфта мешавад, аз сабаби сардии ҳаво сараввал муҳаррики автубус аз кор мемонад ва мусофирон лампаи кафшерро ба сифати гармкунак истифода мебаранд. Гармкунак зиёда аз ду соат ба кор андохта мешавад, ки дар натиҷа омехтаи бензин ва газ тамоми фазои автобусро иҳота мекунад. Дар ҳамин ҳол ногаҳон бензин мерезад ва оташ тамоми автобусро фаро мегирад.

Субҳи 18-уми январ дар шоҳроҳи Самара-Чимкент, дар ҳудуди вилояти Октобаи Қазоқистон автобуси муҳоҷирон аланга гирифт, ки дар натиҷа 52 шаҳрванди Узбакистон кушта шуданад. Танҳо панҷ тан, аз ҷумла ду ронанда тавонистанд ҷони худро халос кунанд.

Лентаи хабарҳо
0