ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Дар шаҳри Хоруғ Фестивали ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид. Дар он занону духтарони ҳунарманд маҳсули дасти хешро ба намоиш гузошта, дар бораи таърихи пайдоиши баъзе аз маҳсулоти дастӣ, тарзи дӯхтану бофтани онҳо маълумот доданд.
Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Подшоҳхоним Абдураҳмонова гуфт, ки "дар ин фестивал қариб 50 нафар занону духтарон аз шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнон ширкат варзида, беш аз 30 намуди маҳсулоти ҳунарҳои мардумиро ба намоиш гузоштанд.
Мақсад аз баргузории фестивал ҳарчӣ бештар ҷалб кардани таваҷҷуҳи духтарон ба ҳунарҳои ниёгон мебошад. Зеро ҳар як духтари кӯҳистонӣ дар гузаштаи начандон дур бо тарзи бофтани ҷӯробу муҳра ва дӯхтани курта шинос буд, аммо имрӯз теъдоди онҳо хеле кам гардидааст.
Ташкилкунандагони фестивал бар ин боваранд, ки Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани соли 2018 метавонад ба зиёд шудани сафи ҳунармандони ҷавон мусоидат намояд.