Ҳакимов: вазири пешини молия аз лаҳзаи таъинаш лоиқи ин вазифа набуд

© Фото : Акс аз бойгонӣКоршиноси масоили ҳуқуқӣ ва сиёсӣ Шокирҷон Ҳакимов
Коршиноси масоили ҳуқуқӣ ва сиёсӣ Шокирҷон Ҳакимов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Шокирҷон Ҳакимов дар бораи далелҳои аслии барканоршавии вазири молия гуфт

Имрӯз бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон вазири молияи кишвар Абдусалом Қурбониён аз мақомаш барканор ва ҷойи вай раиси пешини Кумитаи давлатии амвол Файзиддин Қаҳҳорзода таъин шуд.

Ин тағйироти кадриро ҳуқуқшинос ва муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Шокирҷон Ҳакимов тавзеҳ дод.

Ба гуфтаи вай, Абдусалом Қурбониён аз лаҳзаи таъинаш ба мансаби вазири молия лоиқ набуд.

Хакимов об отставке министра: Таджикистану нужна современная государственность

"Аз аввал вазири молия таъин шудани Абдусалом Қурбониён амри дурусте набуд — нафаре, ки тахассусаш муҳандиси сохтусоз аст, на соҳаи молия. Ӯ то таъин шуданаш ба ин соҳаи пурмасъул асосан дар соҳаи сохтмон кор кардааст",- гуфт Шокирҷон Ҳакимов ба Sputnik Тоҷикистон.

Ба гуфтаи Ҳакимов, Абдусалом Қурбониён вазифаи вазири молияро барои хизматҳояш ба Эмомалӣ Раҳмон соҳиб шуда буд.

Сиёсатмадор мегӯяд, ин тағйироти кадрӣ зери фишори ҷомеа ба амал омадааст. Вай ҳамчунин қайд кард, ки нақши рӯзноманигорон дар пешрафти ҷомеи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон калон аст. Сӯҳбати пурраи ҷаноби Ҳакимовро аз сабти овозӣ гӯш кунед.

Лентаи хабарҳо
0