Содироти тавлидоти Ширкати алюминии Тоҷикистон 22 дарсад коҳиш ёфтааст

© Фото : Посольство России в ТаджикистанеГосударственное унитарное предприятие Таджикская Алюминиевая Компания ТАЛКО
Государственное унитарное предприятие Таджикская Алюминиевая Компания ТАЛКО - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Содироти алюминий аз Тоҷикистон дар соли 2017 камобеш 22 дарсад коҳиш ёфтааст

ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Ба гузориши Хадамоти гумруки Тоҷикистон, кишвар дар соли гузашта камобеш 103 ҳазор тонна алюминий ва маҳсулоти алюминӣ содир карда, ки арзиши кулли он беш аз 203 милюн дулор будааст. Порсол ҳар як тонна алюминий дар бозорҳои ҷаҳон 1 970 дулор нарх дошт.

Государственное унитарное предприятие Таджикская Алюминиевая Компания ТАЛКО - Sputnik Тоҷикистон
Ширкати ТАЛКО дар 10 моҳ тавлиди алюминийро 23 дарсад коҳиш дод

Бино ба додаҳои Хадамоти гумрук, соли 2016 Тоҷикистон камубеш 132 ҳазор тонна алюминий ва маҳсулоти онро содир карда буд. Он замон миёнгини нархи ҳар як тонна алюминий 1 590 дулор буд, ки барои Ширкати алюминии Тоҷикистон (ТАЛКО) 210 милюн дулор даромад овард.

Пештар Вазорати саноеъ ва фанновариҳои Тоҷикистон гузориш дода буд, ки ТАЛКО дар соли гузашта 23 дарсад камтар аз ҳамин давра дар соли 2016 алюминий тавлид карда буд.

“Ширкат дар даҳ моҳи  соли гузашта 85,6 ҳазор тонна алюминий ба арзиши куллии 330,4 милюн сомонӣ тавлид карда, вале дар даҳ моҳи соли 2016 беш аз 110 ҳазор тонна маҳсулот тавлид шуда буд”, — гуфта мешуд дар гузориши вазорат.

Лентаи хабарҳо
0