Раҳбарони ВУХ Русия ва Узбакистон авзоъ дар Афғонистонро баррасӣ карданд

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкМинистр иностранных дел Узбекистана Абдулазиз Камилов, архивное фото
Министр иностранных дел Узбекистана Абдулазиз Камилов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Абдулазиз Комилов ва Сергей Лавров дар Ню-Йорк дидор ва гуфтугӯ карданд

ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Вазирони умури хориҷии Русия ва Узбакистон Сергей Лавров ва Абдулазиз Камилов дурнамои ҳамкории ду кишвар ва авзоъ дар Афғонистонро баррасӣ карданд, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии ВУХ Узбакистон.

“Вазири умури хориҷии Узбакистон Абдулазиз Комилов 18 январ дар Ню-Йорк бо вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров дидор ва дар бораи вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишвар гуфтугӯ кард”, — хабар медиҳад ВУХ Узбакистон.

Шавката Мирзиёева торжественно встретили в Сеуле - Sputnik Тоҷикистон
Мансаби духтари хурдии Шавкат Мирзиёев ошкор шуд

Дар ин дидор роҳҳои амалисозии тавофуқоте баррасӣ шуданд, ки дар дидорҳои гуногуни сарони Узбакистон ва Русия Шавкат Мирзиёев ва Владимир Путин ба даст омада будаанд.

“Вазирон ҳамчунин дар мавзуъҳои амнияти минтақа, вазъ дар Афғонистон ва дигар масоил низ таодули афкор карданд”, — гуфта мешавад дар иттилоъия.

Вазорати умури хориҷии Узбакистон пештар иттилоъ дода буд, ки Абдулазиз Комилов ҳамроҳ бо ҳайъате барои ширкат дар нишастҳои Шурои амнияти СММ 14 – 21 январ ба Амрико сафар хоҳад кард.

Лентаи хабарҳо
0