ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Тавре дафтари матбуотии Ҳукумати шаҳри Хуҷанд иттилоъ медиҳад, бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар мактаби муттаҳидаи техникии ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи шаҳр курсҳои кӯтоҳмуддати ронандагии ройгон барои ҷавонони синни даъватӣ ташкил гардидааст.
Бино бар иттилои манбаъ, таҳсил то ба охир расидани ҷараёни имтиҳонсупорӣ дар Бозрасиии давлатии автомобилии комилан бепул буда, хамткунандагон соҳиби шаҳодатномаи ронандагии дараҷаи С мешаванд.
Гуфта мешавад, ҳамаи хоҳишмандон метавонанд барои бақайдгирӣ ба комиссариати ҳарбии шаҳри Хуҷанд муроҷиат намоянд.
Телефон барои маълумот:4 0008 64013 46720 92 7950507