ДУШАНБЕ, 18 янв— Sputnik. Дар ин бора дар равобити умумии шаҳрдории Хуҷанд хабар дода шудааст.
Дар озмуни вилоятии "Тарроҳи беҳтарин", ки байни аъзои маҳфилхои дӯзандагии муассисаҳои таҳлимии вилояти Суғд баргузор гардид, Фирӯза Раҳимова пирӯз шуд.
Фирӯза хонандаи синфи 10- уми гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд дар буда дар озмун дар бахши либоси "Идона" сазовори ҷои якум ва дипломи озмун гардидааст.
Гуфта мешавад, ки озмуни "Тарроҳи беҳтарин" бо мақсади баланд намудани сатҳи дониш барои инкишофи истеъдоди шахсият, баланд бардоштани дарки зебоиву эстетикии аъзоёни маҳфилҳо, зиёд намудани завқи хонандагон ба омӯзиши ҳунарҳои миллӣ, ҳавасманд намудани ҳунармандони наврасу боистеъдод, инкишофи қобилияти навоварӣ ва зеҳнию эҷодии хонандагон ташкил ва гузаронида шудааст.