Ёди Бобоҷон Ғафуровро дар Эрон гиромӣ доштанд

© Sputnik / Сергей Мамонтов / Гузариш ба медиабонкТегеран, архивное фото
Тегеран, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маросими бузургдошти Қаҳрамонии миллии Тоҷикистон устод Бобоҷон Ғафуров дар Теҳрон баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Маросими бузургдошти устод Бобоҷон Ғафуров дар Теҳрон бо ҳузури ҷамъе аз уламо, устодон, донишмандон ва фарҳехтагони тоҷик ва эронӣ баргузор шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, дар оғози ин маросим Ҳасани Булхорӣ, раиси Анҷумани осору мафохири фарҳангии Эрон бо ишора ба шахсият ва осори Ғафуров афзуд, ҳаёти вай саросар аз талош, таҳқиқ ва пажӯҳиш барои эҳёи азамат ва бузургии миллати тоҷик буд.

“Асари “Тоҷикон” натанҳо торихнигории холис, балки ҳувиятнигории миллати тоҷик аст”, — афзуд вай.

Булхорӣ ёдоварӣ кард, ки Бобоҷон Ғафуров талошҳои зиёде дар муаррифии чеҳраҳои фохири фарҳангии Эронзамин сурат дод, дар сурате, ки дар замони Шӯравӣ чунин коре бисёр сахт будааст.

Маҳдӣ Муҳаққиқ, раиси ҳайъати мудираи Анҷумани осор ва мафохири фарҳангӣ, ки бо устод Ғафуров дӯстӣ ва номанигорӣ дошта, хотироти худ бо ин шахсияти барҷастаи илмиро боз гуфт.

Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил, раиси Фарҳангистони забону адаби форсии Эрон, низ дар суханоне дар ин маросим, фаъолитҳои илмӣ ва амалии Ғафуровро “камназир” хонд ва гуфт, дар корномаи вай беш аз 300 мақола ва китоб вуҷуд дорад.

“Нақши устод Ғафуров дар ҳифзи ҳувияти миллии тоҷикҳо дар шароити душвори ҳукумати коммунистии Шуравӣ бисёр арзишманд мебошад”, — таъкид кард вай.

Ҳамчунин Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ, раиси Анҷумани дӯстии Эрон ва Тоҷикистон ва сафири пешини Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе, Муродҷон Бурибоев, масъули фарҳангии сафорати Тоҷикистон дар Эрон ва Сафар Абдуллоҳ, узви Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ аз Тоҷикистон дар ин маросим дар мавриди шахсият ва осори арзишманди устод Ғафуров суҳбат карданд.

Ҳамчунин дар ин маросим Муродҷон Бурибоев паёми Неъматуллоҳ Эмомзода, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳронро барои ширкаткунандагон боз хонд.

Лентаи хабарҳо
0