Кайфари ришваситонӣ: 11 соли зиндон барои 500 ҳазор дулор

Обуна шудан
Аскар Нурализода, сардори Раёсати таҳияи барномаҳои давлатии сармоягузориҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдо, узви Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, маҳкум ба 11 соли зиндон шуд

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Аскар Нурализода муттаҳам ба ситондани 500 ҳазор дулор ришва шуда буд, гузориш медиҳад ТоҷикТА ба нақл аз манбаъе дар додгоҳ.

“Аскар Нурализода, муовини сардори Сарраёсати таҳияи барномаҳои давлатии сармоягузориҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдо, узви Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, маҳкум ба 11 соли зиндон шуд”, — тавзеҳ додааст манбаъ.

Ин масъул дар поёни моҳи сентябри соли 2017 ба ҷурми гирифтани камобеш 500 ҳазор дулор ришва дастгир шуда буд. Ҳизби халқӣ — демократӣ бедиранг ӯро аз сафаш ихроҷ ва узвияташ дар Маҷлиси ноҳияи Исмоили Сомониро ҳам боз доронд.

Додгоҳи ноҳияи Сино ӯро муҷрим шинохта ва маҳкум ба 11 сол ҳабс дар зиндон кардааст.

Лентаи хабарҳо
0