КҲФ ронандаҳоро аз яхбандии роҳҳо огоҳ мекунад. Бархе гӯш намекунанд

© Пресс-служба КЧС ТаджикистанаДТП из-за образовавшегося гололёда в Таджикистане, архивное фото
ДТП из-за образовавшегося гололёда в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ронандае аз рустои Навдеҳ дар Рашт ҳушдори Кумитаро нодида гирифту дар роҳи кӯҳистонӣ тундравӣ кард. Дар натиҷа худраваш ба партгоҳи 7-метрӣ фурӯ афтод

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Тағйири ногаҳони ҳаво рафту омадро дар роҳҳои куҳистонӣ душвору хатарнок кард, ки чандин тасодуфро дар пай дошт, гузориш медиҳад Кумитаи авзоъи изтирории Тоҷикистон.

“КҲФ Тоҷикистон аз эҳтимоли яхбандии роҳҳо дар кӯҳистонҳо дар паи бориши барфи бисёр хабар додаву шаҳрвандону меҳмонони кишварро огоҳ карда буд. Мутаассифона, ҳарчанд борҳо ронандагонро ба эҳтиёкориву риояи қоидаҳои ҳаракат даъват карда будем, боз ҳам на ҳама огоҳиҳоро шуниданд ва на қабул карданду на риоя”, — гуфтаанд дар равобити умумии КҲФ ҶТ.

Ба гуфтаи Кумита, ронандае аз рустои Навдеҳ дар ноҳияи Рашт ин ҳудорро нодида гирифту дар роҳи кӯҳистонӣ тундравӣ кард. Дар натиҷа, фармони худрави “Опел”-ро аз даст дод ва он ба партгоҳи 7-метрӣ фурӯ рафт.

Снегопад, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳушдори КҲФ аз барфрезӣ ва боди тунд

Барои бартараф кардани пайомади ин рухдоди нақлиётӣ воҳиди махсуси вокуниши сареъи КҲФ дар минтақаи Рашт ба ҷои ҳодиса расид. Наҷотдиҳандагон бо автокран худравро аз партгоҳ берун кашиданд.

“Хушбахтона, ронанда ва мусофиронаш чандон осеб надидаву саломатанд. Ба онҳо ёрии аввалия расонида шуд ва ҳамагӣ аз бистарӣ шудан дар бемористон худдорӣ карданд”, — гуфтанд наҷотдиҳандагон.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз ронандагон хост қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои барфзадаву яхбастаи куҳистониро ҷиддан риоя карда ҳаёту саломатии худ ва ҳамсафаронашонро дар хатар наандозанд.

Лентаи хабарҳо
0