Мушкилоти хонаводагӣ: духтаре дар Душанбе қасди ҷонаш кард

© Sputnik / Амир ИсаевРека "Душанбинка". Архивное фото
Река Душанбинка. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Духтари 18-сола дар Душанбе ба далели мушкилоти хонаводагӣ худро ба дарёи Душанбе андохт

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Дар ин бора Тоҷик.ТА хабар додааст.

"Дар шаҳри Душанбе духтари 18-сола хост қасди ҷони худ кунад. Барои худкушӣ ӯ худро ба дарёи Душанбе андохт. Вале мардум ӯро наҷот доданд", — омадааст дар хабарнома.

Гуфта мешавад, ки ин духтари ҷавон ба далели мушкилоти хонаводагӣ ба чунин кор даст задааст. Пеш аз оне, ки аз болои пул худро ҳаво диҳад ин духтар дору хӯрдааст.

Дар ҳоли ҳозир духтари 18-сола дар бемористони марказии Душанбе таҳти назорати пизишкон қарор дорад.

Аз рӯи ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0