Муғтеппаи шаҳри Истаравшанро аз вайрон кардан нигаҳ доштанд

© Sputnik / Амир Исаев Министерство культуры РТ. Архивное фото
Министерство культуры РТ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Соли 2017 фаъолони ташкилоти ҷамъиятии "Ҳифзи ёдгориҳои таъриху фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон" сари роҳи вайронсозии ёдгории қадимаи Муғтеппаи шаҳри Истаравшани вилояти Суғдро гирифтанд

ДУШАНБЕ, 17 янв— Sputnik. Дар ин бора дар равобити умумии Вазорати фарҳанги ҶТ хабар дода шудааст.

Гуфта мешавад, ки рӯзи 16 январ ҷаласаи Раёсати ташкилоти ҷамъиятии "Ҳифзи ёдгориҳои таъриху фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон" баргузор гардида дар он фаъолияти ташкилот дар соли 2017 ва нақша-чорабиниҳои кори ташкилот дар нимсолаи якуми соли 2018 мавриди таҳлилу баррасӣ шудааст.

Манбаъ меафзояд, ки ин ташкилот дар соли 2017 фаъолони ташкилот сари роҳи вайронсозии ёдгории қадимаи Муғтеппаи шаҳри Истаравшани вилояти Суғдро гирифта, дар он ҷо кофтукоби бостоншиносӣ гузарониданду 1316 тангаю дигар бозёфтҳо ба даст овардаанд.

Гузашта аз ин дар мавзеи ёдгориҳои қадимаи Вашгирди ноҳияи Файзобод ва Чимқурғони ноҳияи Шаҳринав гӯронидани маитон ва ҳотакориҳоро боздоштанду мақомоти ҳокимияти маҳаллии давлатии ноҳияҳои зикргардида барои қабристону ҳотакории деҳқонон ҷойҳои дигар ҷудо кардаанд.

Гуфта мешавад, ки эҳё намудани филиалу намояндагиҳои ташкилот дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, ҷалби табақаҳои васеи аҳолӣ ҷиҳати ширкати фаъолона дар ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва фарҳангӣ, баланд бардоштани фарҳанги аҳолӣ, тарбияи онҳо дар рӯҳияи эҳтиром нисбат ба арзишҳои умумиинсонӣ ва дар байни аҳолӣ густариш додани донишҳо роҷеъ ба мероси таърихӣ – фарҳангии халқ, ташкил намудани назорати ҷамъиятӣ барои муайян намудани вазъу истифодаи ёдгориҳо ва дар омӯзиш, тармим ва аз вайроншавӣ нигоҳ доштани онҳо ширкат варзидани аъзои раёсат самтҳои асосии фаъолияти ташкилот мебошад.

Таъкид карда шуд, ки ҷиҳати таблиғу ташвиқи ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори умум ва кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаҳо густариш дода шаванд.

Дар ҷаласа ба муаллифони фаъоли маҷаллаи "Мероси ниёгон" туҳфаҳо супорида шудааст.

Лентаи хабарҳо
0