Шоҳроҳи Душанбе - Хоруғ қисман баста шуд

© Пресс-служба КЧС ТаджикистанаСитуация на автодороге Душанбе-Хорог, архивное фото
Ситуация на автодороге Душанбе-Хорог, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Барои пешгирӣ аз пайомадҳои нохуши сангрезиш роҳ баста шуда буд, вале акнун ронандаҳо иҷоза ёфтаанд, ки аз ин қисмати роҳ ба навбат гузаранд

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Субҳи имрӯз ҳаракат дар 225-ум километри шоҳроҳи Душанбе — Хоруғ дубора баста шуд.

Тавре сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода Умеда Юсупова ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, шоҳроҳ дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин субҳи имрӯз аз соати 06:00 то 09:30  баста будааст. Ба гуфаи вай, ин чораҷӯӣ ба мақсади пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш роҳандозӣ гардид. Вай афзуд,  ҳоло роҳ кушода аст, аммо ҳаракати нақлиёт маҳдуд карда шудааст.

"Айни ҳол роҳ кушода аст, лекин ба хотири пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш ба ронандгон иҷоза дода шуд, ки ин қитъаи роҳро якто-якто гузаранд", — гуфт сухангӯи КҲФ.

Ситуация на автодороге Душанбе-Хорог, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳаракат дар роҳи Душанбе — Кӯлоб — Хоруғ барқарор шуд

Ба қавли манбаъ, ҳамчунин дар ин минтақа, ки хавфнок ба ҳисоб меравад, постгоҳе созмон дода шудааст, ки дар он кормандони ВУД, Вазорати нақлиёт ва КҲФ якҷоя кор мебаранд.

"Минтақаи мазкур хатарнок аст ва махсусан дар ҳавои боришӣ эҳтимоли сангрезӣ зиёд мешавад, барои ҳамин як муддати муайян лозим мешавад, ки худравҳо ба навбат онро гузаранд", — гуфт манбаъ.

Хушбахтона дар назди постгоҳ то ҳол анбӯҳи худравҳо ба вуҷуд наомадааст.

Аввалҳои моҳи равон хабар дода шуд, ки шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо далели резиши санг баста шуд. Дар пайи сангрезиш тасодуфҳои нақлиётӣ низ ба қайд гирифта шуданд, ки дар пайи он як ронанда ба ҳалокат расид.

Лентаи хабарҳо
0