ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков аз Тоҷикистон расман боздид хоҳад кард. Вай ин матлабро дар паёми шодбош ба Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25-умин солгарди роҳандозии муносиботи сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон ёд карда буд.
Абдуғанӣ Муҳаммадазимов бо ишора ба нахустин дидори раисҷумҳури Қирғизистон бо ҳамтои тоҷикаш дар Душанбе гуфт, мавзеъҳои яксони ин ду кишвар дар масоили обу энержӣ заминаи муваффақиятомез будани ин музокиротро фароҳам месозад.
Вай мегӯяд, мавзуъи аслии гуфтугӯҳои Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков баҳрабардории муштарак аз хаттҳои интиқоли барқ хоҳад буд. Сарони ду кишвар ҳамчунин тарҳи интиқоли барқи Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ ё “CASA – 1000”-ро баррасӣ хоҳанд кард, ки тавлиди нерӯи барқ дар Тоҷикистону Қирғизистон ва фурӯши он ба Афғонистону Покистонро дар назар дорад.
Интизор меравад, ки дар ин дидор ҳамчунин масоили аломатгузории марзи ду кишвари ҳамсоя низ баррасӣ шаванд.
Коршинос бар ҳамсонии дидгоҳҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар масъалаи баҳрабардорӣ аз рӯдҳо дар минтақа таъкид кард.
“Тоҷикистон ва Қирғизистон дар саргаҳи ду рӯди бузурги Осиёи Марказӣ – Ому ва Сир ҷой доранд, аз ин рӯ дидгоҳашон дар масъалаи баҳрабардорӣ аз манобеъи обии минтақа ҳамсон аст”, — ёдоварӣ кард Муҳаммадазимов.