Сафорати Тоҷикистон дар пойтахти Непал ҷозибаҳои гардишгарии кишварро муаррифӣ кард

© Фото : Пресс-служба посольства РТ в ИндииПосол РТ в Индии Мирзошариф Джалолов и первый зам. министра иностранных дел Непала Шанкер Д. Байраги
Посол РТ в Индии Мирзошариф Джалолов и первый зам. министра иностранных дел Непала Шанкер Д. Байраги - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон ва Непал мехоҳанд дар заминаҳои гардишгарӣ, тиҷорӣ ва сармоягузорӣ ҳамкориҳоро густариш диҳанд

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Ҳинд ва Непал Мирзошариф Ҷалолов бо муовини якуми вазири умури хориҷии Непал Шанкар Д. Байрагӣ дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши хадамоти иттилоъотии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, дар ин дидор вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои судманди ду кишвар дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ, сармоягузорӣ ва дигар мавзуъҳои равобити ду кишвар баррасӣ шуданд.

“Ҷонибҳо зарурати идома ва густариши ҳамкориҳои самарбахши ду кишварро дар сатҳи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба таъкид намуданд”, — гуфта мешавад дар ин гузориш.

Чанде пеш дар чорчӯби сафари Мирзошариф Ҷалолов ба пойтахти Непал сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Катманду мизи гирд барои муаррифии имконоти гардишгарӣ, тиҷорӣ ва сармоягузории Тоҷикистон баргузор кард.

Дар ин мизи гирд, ки дар дафтари ширкати “TBI Holdings” баргузор шуд, намояндагони гурӯҳҳои гуногуни соҳибкорӣ, сармоягузорӣ ва тиҷории Непал ширкат карданд.

Лентаи хабарҳо
0