Меғ мефарояд: боду ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

© SputnikТуман в Душанбе, архивное фото
Туман в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки имрӯз, 15 январ ҳаво дар саросари кишвар абрию бебориш мешавад

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон ба огоҳии шаҳрвандон мерасонад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрӣ ва бебориш пешбинӣ шуд адар баъзе ҷойҳо фаромадани меғ (туман) дар назар аст.

Ҳаво дар вилояти Суғд имрӯз тағйирёбандаи абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо фаромадани меғ пешбинӣ мегардад. Бод аз сӯи ғарб 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад.

Дар ВМКБ ҳавои тағйирёбанда дар назар аст. Дар ғарби вилоят ҳаво шабона 8-13 ва рӯзона 1-4 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 18-23 ва рӯзона 3-8 дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок ва тағйирёбанда шуда, рӯзона фаромадани меғ дар назар аст. Бод аз сӯи ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабр пешбинӣ шуда, меғ мефарояд. Бод аз сӯи ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 1-4 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабр пешбинӣ гашта, бод аз сӯи ғарб 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 0-2, рӯзона 13-15 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0