ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Ба гузориши Sputnik Қазоқистон, раисҷумҳур Нурсултон Назарбоев Қонуни тасвиби мувофиқатномаи таъйини марзу буми Қазоқистон ва Туркманистонро имзо кард.
Ин қонун хатти марзи ду кишварро мустанад ва мушаххас мекунад, ки дарозии марзи муштарак миёни Қазоқистон ва Туркманистон 458,3 килуметр буда ва дар тули он 330 аломати марзӣ насб шудааст.
Марзи давлатӣ ва ҷойгоҳи аломатҳои марзбандӣ дар протоколи хатти марз, нақшаи марзи давлатӣ протоколи аломатҳои марзӣ ва феҳристи маконнигории аломатҳои марзбанӣ нишон дода шудааст.
Ду кишвар паймон бастаанд, ки барои пешгирӣ аз ҳаргуна кашокаш, хатти марзро ҳар 10 сол як бор бозрасӣ кунанд. Қарор бар ин шуда, ки хатти марз дар паи тағйирот дар макону маҳалл тағйир нахоҳад ёфт. Ин қарордодро наметавон якҷониба лағв кард.
Марзи Қазоқистону Туркманистон бар асоси қарордоди таъйини марзу буми ду кишвар аз 5 июли соли 2001 аломатгузорӣ шуда аст. ин қарордод 2 июли соли 2003 қонунан тасвиб шуда ва аз 31 августи соли 2006 дорои эътибори қонунӣ шуда буд.
Тавофуқномаи таъйини марзу бум ва аломатгузории хатти марз миёни Қазоқистон ва Туркманистонро сарони ду кишвар 18 апрели соли 2017 дар Остона имзо карда буданд.