Ашраф Ғанӣ: Артиши Афғонистон бе ёриҳои Амрико 6 моҳ ҳам намепояд

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкПрезидент Афганистана Мохаммад Ашраф Гани, архивное фото
Президент Афганистана Мохаммад Ашраф Гани, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ гуфтааст, ки агар Амрико аз давлату артиши ин кишвар пуштибонӣ накунад, ҳукумати ваҳдати миллӣ низ фурӯ хоҳад пошид

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Раисҷумҳур Ашраф Ғанӣ дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизюнии амрикоии CBS гуфтааст, ки Ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон бо пуштибонии Амрико пойдор аст.

Latif Pedram, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Латиф Пидром: Роҳбурди Трамп роҳи ҷанг аст, на роҳи сулҳ

Раисҷумҳур Ғанӣ ёдоварӣ кардааст, ки Афғонистон бо 21 созмони теруристӣ ҷанг дорад ва нерӯҳои низомӣ ва амниятии кишвар танҳо дар чаҳор моҳи ахир беш аз 2 500 кормандашонро аз даст дода ва беш аз 4 ҳазор нерӯҳояшон низ захмӣ шудаанд.

Вай дар посух ба ин пурсиш, ки оё дар сурати хуруҷи нерӯҳои Амрико аз Афғонистон Ҳукумати ваҳдати миллӣ низ фурӯ хоҳад пошид, гуфтааст: “Мо бе ёриҳои молии Амрико наметавонем аз артишамон ҳатто 6 моҳ ҳам пуштибонӣ кунем”.

Бино ба додаҳои шабакаи CBS, Амрико 90 дарсад аз ҳазинаҳои низомии Афғонистонро пардохт мекунад, яъне солиёна камобеш 4 милёрд дулор ба будҷаи низомии давлати Афғонистон ворез мекунад.

Лентаи хабарҳо
0