Вазир ба донишҷӯёни тоҷики Русия: шумо бояд бо Ватани худ ифтихор кунед

© SputnikМинистр культуры РТ Шамсиддин Орумбекзода
Министр культуры РТ Шамсиддин Орумбекзода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо таълимгирандагони омӯзишгоҳи хореографии шаҳри Перм дидор кард

ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik.  Дар ин бора дар равобити умумии Вазорати фарҳанг хабар дода шудааст.

Гуфта мешавад, ки имрӯзҳо ҷавонон дар дохил ва хориҷи мамлакат таҳсил карда, соҳиби касбу ихтисосҳое шуда истодаанд, ки барои Тоҷикистон ниҳоят заруранд.

Салим Муминов - Sputnik Тоҷикистон
Салим Муъминов: дар Қӯрғонтеппа сирк бунёд мекунам

Кадрҳои ояндаи балети Тоҷикистон Некрӯз Тағойбеков, Зиёда Раҳматова, Фирӯз Ҷалилов ва Ситора Толибова соли чорум аст, ки дар омӯзишгоҳи хореографии шаҳри Перм таҳсил намуда, дар баробари таълими барномаи мактабӣ нозукиҳои санъати балетро омӯхта истодаанд.

Рӯзи 13 январи соли 2018 вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода таълимгирандагони омӯзишгоҳи хореографии шаҳри Пермро, ки тибқи квотаи байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Русия дар ин омӯзишгоҳ таҳсил доранд, ба ҳузур пазируфт.

"Зимни вохӯрӣ вазири фарҳанг оид ба таҳсил ва шароити зиндагии таълимгирандагон суҳбат карда, таъкид намуд, ки онҳо бояд ҳисси баланди миллию фарҳангӣ дошта, бо Ватан, миллат, забон ва ниёгони хеш ҳамеша ифтихор намоянд", —омадааст дар хабарнома.

© Фото : Аз Вазорати фарҳангДидори вазир бо донишҷӯёни тоҷики Русия
Дидори вазир бо донишҷӯёни тоҷики Русия - Sputnik Тоҷикистон
Дидори вазир бо донишҷӯёни тоҷики Русия

Дар ин дидор ба кадрҳои ояндаи балет туҳфаҳои хотиравӣ супорида шудааст.

Лентаи хабарҳо
0