Милиса роҳбари ширкатеро дастгир кард, ки муҳоҷирати ғайриқонунӣ ташкил кардааст

Обуна шудан
Номбурда дар соди 2017 шаҳрвандони Тоҷикистонро ғайриқонунӣ ба муҳоҷирати корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон гусел кардааст

ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik.Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гузориш медиҳад, ки  кормандони милитса ҳангоми чорабиниҳои ҷустуҷӯӣ рӯзи 12-уми январи соли ҷорӣ, марди 25-солаи сокини ноҳияи Шоҳмансур, роҳбари ҶДММ "Сайри Сайёраҳо"-ро ҳамчун гумонбар дар ташкил намудани муҳоҷирати ғайриқонунӣ дастгир намуданд.

Бино бар иттилои манбаъ, ӯ дар давоми моҳи октябри соли 2017 бе доштани иҷозатнома барои  сафарбар кардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кор дар хориҷа, ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ машғул шудааст.

"Роҳбари ширкати "Сайри сайёраҳо" дар идораи 37 шаҳрванди тоҷикистониро ғайриқ нам уда, ба Ҷумҳурии Қазоқистон барои кор ба сифати ронанда сафарбар намудааст.
Дар пайи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0