Хушхабар: Тоҷикистон чор фарзанди бе сарпаноҳашро аз Ироқ бар мегардонад

© RussiaToday16-летняя вдова боевика вынуждена ухаживать за пятью детьми: RT ищет родственников
16-летняя вдова боевика вынуждена ухаживать за пятью детьми: RT ищет родственников - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохила ва Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон якҷоя барои овардани Оиша ва хоҳару додаронаш санадҳоро омода кардаанд ва бо намояндагони дипломатии Ироқ низ дар ин бора гуфтушунидҳо анҷом додаанд

ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Тоҷикистон чор кӯдаки бесарпаноҳашро, ки дар кӯдакистони Ироқ қарор доранд, ба Ватан бар мегардонад. Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон сухангӯи Вазорати умури дохила Умарҷон Эмомалӣ хабар дод.

Бино бар иттилои манбаъ, шахсият ва ҳуввияти Оиша ва додарону хоҳаронаш дар Тоҷикистон пас аз он шинохта шуд, ки шабакаи телевизионии "Russia Today"  дар бораи онҳо гузориш дод.

"Пас аз гузориши ""Russia Today" ин навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва канали Ютуб паҳн шуд. Хешовандони онҳо ба вазорат муроҷиат карданд, ки ҷиянҳои худро дар навор шинохтаанд",- афзуд ӯ.

Ба гуфтаиҷаноби Умарҷон, падару модари Оиша бо падару модар ва хоҳару бародаронаш се сол қабл ҳангоми муҳоҷирати корӣ аз Русия ба Ироқ рафтаанд.
Манбаъ афзуд, вазорат якҷоя бо ВУХ тамоми санадҳои лозимаро ҷобаҷо кардааст.

"Он тарафи кор аз ҷониби Ироқ низ вобаста аст, барои ҳамин дақиқ гуфта наметавонам, ки онҳо кай ба Тоҷикистон бар гардонида мешаванд",- қайд кард ӯ.

Умарҷон афзуд, ба ниҳод тақдири феълии наврасон маълум нест, аммо умед доранд, ки то ҳол дар кӯдакистон зиндаву саломат ҳастанд.

"Шояд дар бораи ҳоло дар куҷо будани онҳо ВУХ маълумоти дигаре пайдо карда бошад. Аммо мо маълумоти бештаре надорем ва умедвор мешавем, ки онҳо зиндаву саломат ҳастанд",- гуфт ӯ.

Оиша ва хоҳару бародаранаш пас аз бозгашт шояд ба дасти хешу таборашон супорида шаванд, дар акси ҳол Ҳукумат нигаҳубонии онҳоро ба дӯш хоҳад гирифт.

Ёдрас мешавем, охирҳои моҳи сентябр шабакаи телевизионии  "Russia Today" хабар дод, ки дар Ироқ як шаҳрванди 16-солаи Тоҷикистон шиносоӣ шуда, ки шавҳараш аз ҷангҷӯёни ДОИШ будаву дар ҷанг кушта шудааст.

"Оиша 16-сол аст. Шавҳараш як ҷангии ДОИШ будааст, ки кушта шудааст. Ин духтар аз Тоҷикистон аст", — гуфта мешуд дар гузориш.

Ин духтарро аз дасти ҷангиёни доишӣ наҷот дода ба Бағдод овардаанд. Ҳамроҳ бо ӯ чанд кӯдаки дигар низ наҷот дода шуданд. Ин духтар як хоҳари 7-сола ва ду додар ҳам дорад, ки яке 9-сола ва дигаре 3-сола аст, гуфта мешуд дар хабар.

"Ман намедонам, ки волидонам дар куҷоянд. Онҳо аввал дар Мавсил буданд ва пас аз оғози ҷанг ман ба шаҳри Талл-Афъар рафтам", — мегуфт ӯ.

Лентаи хабарҳо
0