Арманистон ҳам хостори лағви раводид бо Тоҷикистон шуд

© Фотохост-агентство / Гузариш ба медиабонкПрезидент Республики Армения Серж Саргсян (слева) и президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Армения Серж Саргсян (слева) и президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Ереван имкони роҳандозии рафтуомади бераводид миёни Арманистон ва Тоҷикистонро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Тавре расонаҳои маҳаллӣ иттилоъ медиҳанд, дар Ереван иҷлосияи Комиссияи доимии Маҷлиси миллӣ дар бораи муносибатҳои хориҷӣ бургузор шуд, ки дар рафти он маҷлис имконоти роҳандозии рафтуомади бераводид миёни Арманистон ва Тоҷикистонро баррасӣ кард.

Айни ҳол узви комиссиюн тарҳи қонун дар бораи тасдиқ кардани қарордодро баррасӣ дорад. Агар созишнома қабул шавад, пас шаҳрвандони ду кишвари дӯст метавонанд дар байни 6 моҳ 90 рӯз бе раводид  дар кишварҳои ҳамдигар бимонанд.

Ба нақша гирифта шудааст, ки ин масъала пурра рӯзи 15-уми феврали соли равон дар иҷлосияи навбатии маҷлиси Арманистон роҳи ҳалли худро меёбад.

Ёдовар мешавем, Ҳукумати Тоҷикистон қисме аз ӯҳдадориҳои худро дар баораи ҳаракатҳои ҳавоӣ ба Арманистон иҷро кард. Акнун Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва ниҳодҳои марбут бояд барои амалӣ кардани ин қарордод чораҳои зарурӣ андешанд.

Лентаи хабарҳо
0