Дар соли рушди сайёҳӣ: дар Душанбе нахустин Маркази иттилоотии гардишгарӣ ифтитоҳ шуд

© © SputnikПослы русского языка на экскурсии в Гиссарской крепости, архивное фото
Послы русского языка на экскурсии в Гиссарской крепости, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақсад аз ифтитоҳи марказ хизматрасонии машваратию иттилоотӣ ба гардишгарон ва ҷалби бештари онҳо будааст

ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Рӯзи гузашта дар шаҳри Душанбе нахустин Маркази иттилоотии гардишгарӣ ифтитоҳ шуд, хабар медиҳанд расонаҳои Тоҷикистон.

Тавре Муовини сардори раёсати рушди сайёҳии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаридун Мирзоев дар маросими ифтитоҳи марказ қайд кардааст, ҳадаф аз таъсиси маркази иттилоотӣ  ташвиқу тарғиб ва муаррифии бештари таъриху фарҳанги миллӣ ва пешниҳоди маълумоти дурусту саҳеҳ ба сайёҳон ва меҳмонони хориҷӣ  ва ҷалби онҳо ба кишвар мебошад.

Дар Марказ планшетҳо ба шабакаи интернет пайваст буда, фарогири тамоми иттилооти зарурӣ —  таъриху фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ, ширкатҳои сайёҳӣ, осоишгоҳу табобатгоҳҳо мебошад ва ба меҳмонон маълумоти саҳеҳро сари вақт пешниҳод менамояд.

Маркази иттилоотии гардишгарӣ  бо таҷҳизоти муосири иттилоотӣ, аз қабили телевизорҳои плазмавӣ, планшетҳо ва ноутбукҳо таҷҳизонида шуда, дорои маводи иттилоотии сайёҳӣ ва армуғонҳо барои сайёҳон мебошад.

Лентаи хабарҳо
0