Ду кушта ва ҳафт захмӣ: ВУД аз садамаҳои маргбор дар шоҳроҳи "Душанбе-Хуҷанд" хабар дод

© Фото : МВД РТДТП на автотрассе Душанбе-Худжанд-Чаннок
ДТП на автотрассе Душанбе-Худжанд-Чаннок - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи гузашта дар ҳудуди шоҳроҳи "Душанбе-Хуҷанд-Чаннок" чанд садама ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷаи он 7 тан ҷароҳат бардошта, 2 нафар ба ҳалокат расидаанд

ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар бораи садамаҳои маргбори рӯзи 11-уми январ дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаннок хабар дод.
Бино бар иттилои манбаъ, дар пайи рух додани ин ҳодисаи нохуши нақлиётӣ чанде аз мусофирон ҷароҳатҳои гуногун бардошта, ду тан кушта шудаанд.

Чунончӣ, 11-уми январи соли 2018, тахминан соати 12:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Тайота-РАФ-4", Муллоев Луқмонҷон, соли таваллудаш 1954, сокини шаҳри Панҷиканд, ҳангоми ҳаракат аз самти вилояти Суғд ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ноҳияи Варзоб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чуқурии 200-метр худравро чаппа кардааст.

Дар натиҷа худи ронанда  ва мусофиронаш: Ашурой Убайдоваи 69-сола,  сокини шаҳри Панҷиканд, Обидҷон Соатов, соли таваллудаш 1999, сокини ҳамин шаҳр, як зани душанбегӣ  ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоша, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Баъди чанд соат Убайдова дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Ҳамчунин, 11-уми январ тахминан соати 07:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи "КАМАЗ-53212", Шокир Шокиров, соли таваллудаш 1969, сокини ноҳияи Деваштиҷ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи "Душанбе-Хуҷанд-Чаннок", дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба қафои автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс", ки таҳти идораи ронанда  Ҷонибек Маҳмадёров қарор дошт, бархӯрдааст.

Памир, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Сангрезӣ: ҳаракат дар роҳи Душанбе-Хоруғ баста шуд

"Баъд аз ин ронандаи автомашинаи тамғаи "ГАЗ-53", Мамараҳимов Ғайрат Валиҷонович, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Шаҳристон, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи мазкур ба автомашинаи тамғаи "КАМАЗ-53212" бархӯрдааст",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Дар натиҷа мусофири автомашинаи "ГАЗ-53" Музаффар Ғоибов  соли таваллудаш 1956, сокини ноҳияи Шаҳристон ва Зокир Абдуқаҳҳоров, соли таваллудаш 1970, коргари ширкати "Иновайтив Роуд Солюшенз ЛТД", ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

"Баъди чанд соат Ғоибов — корманди  ширкати "Иновайтив Роуд Солюшенз ЛТД" дар беморхона ба ҳалокат расидааст",- қайд карда мешавад дар иттилои манбаъ.

ВУД мегӯяд, ин ҳодисаҳо мавриди таҳқиқ қарор доранд.

Лентаи хабарҳо
0