ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Тавре маркази заминларзашиносии EMSC хабар медиҳад, субҳи имрӯз дар Тоҷикистон заминларза рух додааст.
Бино бар иттилои манбаъ, зилзила дар соати 08:40 ба қайд гирифта шуд. Маркази заминларза 125 километрии шарқи Душанбе ва 33 километрии шимоли Муъминобод аст.
Felt #earthquake M4.9 strikes 61 km NE of #Kŭlob (#Tajikistan) 31 min ago. Please report to: https://t.co/D4Q7bi9wvV pic.twitter.com/6N9wHqzwcL
— EMSC (@LastQuake) 12 января 2018 г.
Дар маркази заминларза қувваи зилзила 4,8 баллро ташкил додааст. Дар Душанбе низ ҷунбиши замин ҳис шуда, коршиносон қувваи онро 2,5-3 балл ҳисоб карданд.
Талафоти ҷониву молӣ ба қайд гирифта нашудааст.