КДАМ ҶТ аз Хадамоти зиддиинҳисорӣ далоили гарон шудани нархи хӯроквориро ҷӯё шуд

© Sputnik / Амир ИсаевПокупатели на новом рынке Мехргон, архивное фото
Покупатели на новом рынке Мехргон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз Хадамоти зиддиинҳисорӣ хостааст, ки далоили гарон шудани нархи хӯрокворӣ дар кишварро рӯшан кунад

ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар номае аз Хадамоти танзимкунандаи рақобат дархост кардааст, ки далоил ва авомили гарон шудани нархи хӯрокворӣ дар кишварро тавзеҳ диҳад.

Ин ниҳод дар посух овардааст, ки баҳори соли 2017 нархи сабзавот 57 дарсад, шакар 13 дарсад, тухм 12 дарсад ва гӯшти гов 8 дасад гаронтар аз баҳори соли 2016 шудаанд. Аммо ин нархҳо то поёни соли 2017 тағйир ёфта ва бархе аз хӯрокворӣ арзонтару бархе дигар гаронтар аз он шудаанд.

Гуфта мешавад, ки ин пайгирии КДАМ аз нархи хӯрокворӣ дар Тоҷикистон рухдоде бесобиқа аст. Бархе аз коршиносон эҳтимол додаанд, ки ин ниҳод аз гарон шудани нархи хӯрокворӣ ба ин далел нигарон шудааст, ки метавонад нооромиҳои иҷтимоъиро дар пай дошта бошад.

Аммо Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон гуфта, ки нархи хӯрокворӣ дар паи тағйири табиъии нархҳо дар бозор гарон шудааст.

Ҳамзамон Бонки миллии Тоҷикистон дар навтарин гузоришаш эълом карда, ки мизони таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон дар моҳи декабр 0,3 дарсадро ташкил дода ва куллан дар соли 2017 нарху таърифҳо то 6,7 дарсад гаронтар шудаанд.

Бино ба гузориши Бонки миллии Тоҷикистон, саҳми хӯрокворӣ дар таварруми солона 4,3 дарсад, колоҳо 1,2 дарсад ва хадамот низ 1,2 дарсад будааст.

Далели чандон боло набудани мизони тавррумро Бонки миллӣ ба сиёсати фаъоли таваррумзудоии пулӣ, мизони муътадили талаботи дохилӣ, нисбатан ба эътидол омадани арзиши пули миллӣ ва коҳиши интизориҳои таваррумӣ дар нимаи дувуми сол нисбат додааст.

Лентаи хабарҳо
0