Кормандони КҲФ ҶТ дар вилояти Хатлон рӯдборҳоро соҳилбандӣ карданд

© Sputnik / Сергей Аньков / Гузариш ба медиабонкРаботы по укреплению берега
Работы по укреплению берега - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Хатлон барои пешгирӣ аз пайомадҳои селу обхези эҳтимолӣ рӯдборҳоро соҳилбандӣ карданд

ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Ба иттилоъи равобити умумии КҲФ ҶТ, ҳамзамон бо роҳандозии корҳои пешгирикунанда аз балоҳо бо мардум низ суҳбатҳо баргузор шуда ва дар он равишу чораҳои паноҳ ёфтан аз балоҳои заминӣ ва осмонӣ ва кам кардани пайомадҳои эҳтимолии онҳо омӯзиш дода шудаанд.

"Ин барнома бо ҳадафи иттилоърасонӣ ва нигаҳбонии бошандагон ва созаҳои иҷтимоъӣ ва иқтисодӣ, пешгирӣ аз балоҳо ва бартарафсозии пайомадҳояшон баргузор шуд", — хабар доданд дар ин ниҳод.

Соҳилбандӣ дар канораҳои рӯди Вахш ва омӯзиши пешгирии хатарҳо дар деҳаи Сари Ҳавз, ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Бохтар бо ҳамкории ҳукумати ноҳия ва Идораи обёрии вилояти Хатлон баргузор шуданд.

Кормандони Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон ҳамроҳ бо мардуми маҳаллӣ ба сурати ҳашари умумӣ соҳилҳои рӯдҳоро аз партовҳо тоза карданд.

Лентаи хабарҳо
0