Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов чиро баррасӣ карданд?

© Фото : Официальный сайт правительства КыргызстанаВстреча премьер-министров Кыргызстана Джоомарта Оторбаева и Таджикистана Кохира Расулзода состоялась 14 ноября 2014 в рамках официального визита таджикского премьера в Кыргызстан
Встреча премьер-министров Кыргызстана Джоомарта Оторбаева и Таджикистана Кохира Расулзода состоялась 14 ноября 2014 в рамках официального визита таджикского премьера в Кыргызстан - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мавзуъи амалкарди минбаъда ҷиҳати марзбандӣ ва аломатгузории марзи давлатӣ ва ҳалли масоили марбут ба омадурафт ва будубоши шаҳрвандони ду кишвар дар қаламрави якдигар ҷудогона матраҳ гардид

ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе ҷаласаҳои Кумисиюни ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбакистон ва Кумисиюни муштараки марзбандӣ ва аломатгузории Марзи давлатии Тоҷикистону Узбакистон баргузор шуданд.

Ба иттилоъи Вазорати умури хориҷаи ҶТ, дар ин ин ҷаласаҳо, ки бо раёсати нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва сарвазири Узбакистон Абдулло Орипов баргузор шуданд, ҷонибҳо бар аҳамияти рушди равобити ду кишвар дар фазои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ таъкид карданд.

"Дар ҳошияи ҷаласаҳо доираи васеи масоили муҳими ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла самтҳои асосии робитаҳои мутақобилаи Тоҷикистону Узбакистон дар заминаҳои иқтисоду тиҷорат, нақлиёт, саноат ва фарҳангу маориф баррасӣ шуданд", — гуфта мешавад дар иттилоъи манбаъ.

Встреча президента Эмомали Рахмона с премьер-министром Узбекистана Абдуллой Ариповым - Sputnik Тоҷикистон
Дидори таърихӣ: Эмомалӣ Раҳмон бо Абдулло Орипов мулоқот кард

Ба масъалаҳои омодагӣ ба сафари давлатии раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд, афзудааст ВУХ.

Мавзуъи амалкарди минбаъда ҷиҳати марзбандӣ ва аломатгузории марзи давлатӣ ва ҳалли масоили марбут ба омадурафт ва будубоши шаҳрвандони ду кишвар дар қаламрави якдигар ҷудогона матраҳ гардид.

Ҷонибҳо дурнамои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои самараноки тиҷоратию иқтисодӣ, татбиқи тарҳҳои муштараки минтақавӣ, пешбурди муколамаи фарҳангӣ ва байни миллатҳоро муайян намуданд.

Изҳори умедворӣ гардид, ки натиҷаҳои музокироти доиршуда омили муҳим дар таъмиқи ҳамкориҳои фарогири дуҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбакистон мегарданд.

Лентаи хабарҳо
0